10 Октябр 2020 - 15:06
Шиносоии беш аз се ҳазор бемори мубтало ба корона дар Эрон; фавти 195 нафар

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз се ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва фавти 195 нафар дар 24 соати гузашта дар кишвар хабар дод.

ABNA24 : «Симо  Содот Лорӣ » сухангӯии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи шанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт: бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, се ҳазору 875 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод  як ҳазору 273 нафар бистарӣ шуданду ба бақияи беморон низ ба  сурати сарпоӣ хадамот  ироа шуд .

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 496 ҳазору 253 нафар расидааст, афзуд: муттаассифона дар 24 соати гузашта, 195 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданду маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 28 ҳазору 293 нафар расидааст .
Ба гуфтаи сухангӯи  Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 403 ҳазору 950 нафар аз беморон беҳбӯд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
 теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 37 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод  дасти кам  як миллион нафар  ҷони худро аз даст доданду ҳудуди 28 миллион нафар  ҳам беҳбуд ёфтаанд .
 Амрико бо ҳудуди 8 миллион мубтало ба вируси корона ва ҳудуди 219 ҳазор қурбонӣ, бештарин теъдоди мубталоён ва ҷон бохтанро ба худ ихтисос додааст .

342/